Саёҳат
«Як рӯз дар кӯҳсор»
Сафар ба кўҳсори Шаҳристон
Вақти баромад ба сафар соати 6.00. Сафар тариқи автобуси бароҳат, тўли роҳ 3 соат (ба як самт). Ғизои хушк дода мешавад.
Дар роҳ истгоҳ дар шаҳри қадимаи ҳунармандон – Истаравшан. Шиносоӣ бо касбҳои қадима, харидории савғоҳо.
Дар кўҳсор истгоҳ дар истироҳатгоҳи пурра таҷҳизонидашуда: хоначаҳои истироҳатӣ, қаҳвахона, майдончаи футболбозӣ, майдончаҳои теннис.
Баландӣ - 2500 метр аз сатҳи баҳр боло, ҳавои фавқулодда тозаи кўҳӣ, шаршараҳои зебоманзар.
Ҳангоми расидан – вақти озод, имконияти сайругашт дар кўҳҳо, чидани гулҳо, тамошои манзараҳои кўҳии тасхиркунанда, асп ва харсаворӣ.
Таоми нисфирўзӣ ва бегоҳ – таомҳои миллӣ (палав, дамлама ва дигар таомҳои миллӣ, шароби ҷавон)
Вақти баргаштан ба осоишгоҳ - поси шаб, тақрибан соати 22.00.
Барои истироҳати оилавӣ, инфиродӣ ва гурўҳӣ. Гурўҳ – 25 нафар.
Арзиш: 30 доллари ИМА.
«Пикник дар Сирдарё» бо моҳидорӣ ва моҳишўрбо
Сафар пас аз таоми саҳарӣ, соати 9.00. тўли роҳ – 45 дақиқа. Гурўҳ 25-30 нафар.
Истгоҳ дар ҷои зебоманзари соҳили дарёи Сир. Вақт барои оббозӣ, сайргашт бо қаиқҳо, моҳидорӣ. Дар дарёи Сир моҳиҳои суфмоҳӣ, капур, лаққамоҳӣ, зағорамоҳӣ мавҷуд аст. Вазни моҳӣ то 3-5 кг.
Аз моҳии дошташуда таоми нисфирўзӣ – моҳишўрбо, моҳии зирбонидашуда омода карда мешавад. Инчунин кабудӣ, нони миллӣ, шароби ҷавон ба миқдори зиёд пешниҳод карда мешавад.
Пас аз таомхўрӣ – бозгашт ба осоишгоҳ
Арзиш: 20 доллари ИМА
Сафар ба кўли кўҳии Искандаркўл, кўҳсори Фан
Сафар – саҳар пас аз таоми саҳарӣ соати 9.00. Барои шахсони пурбардошт.
Тўли роҳ – 3 соат бо роҳи зебоманзари пурпечутоби кўҳӣ, дараҳо, ағбаҳо ва ғ.
Истгоҳ дар наздики кўли кўҳии Искандаркўл. Манзараҳои тасхиркунандаи табиати нотакрор, шаршараҳои беҳамто баландиашон то 7-8 метр, паррандаҳои нодири кўҳсор. Сокинони шаҳр баъзан аз миқдори зиёди оксиген сарчарх мешаванд.
Сайр ба кўли морон (морҳо безаҳр).
Таоми нисфирўзӣ ва шом омода карда мешавад. Таомҳои миллӣ – сихкабоб, палав, хомшўрбо (шўрбо аз гўшти гўсфанд) пешниҳод карда мешаванд. Хуфтан дар хонаҳои истироҳатӣ.
Таоми солими ношто аз маҳсулоти истеҳсоли маҳаллӣ: қаймоқ, творог, тухм, нони миллӣ, асал.
Бозгашт ба осоишгоҳ – рўзи дуюм пас аз нисфирўзӣ.
Арзиш: 70 доллари ИМА
Сайр ба полези тарбуз, харбуза, ангурзор
Сафар пас аз таоми ношто соати 9.00. Тӯли роҳ 1 соат бо автобуси бароҳат.
Ба ангурзор, полези тарбуз ва харбуза меравем. Он ҷо имкони мустақилона чидан ва харидорӣ кардани меваҳо мавҷуд аст. Сабади хеле зебо ва бомаззаи меваҳо ҷамъ мешавад. Меваҳо хеле болаззат ва арзишашон аз арзиши бозор 3 маротиба арзон.
Таоми нисфирўзӣ дар чойхонаи маҳаллӣ, палави ҳақиқии тоҷикӣ, нони миллӣ, кабудӣ пешниҳод мешавад. Бозгашт ба осоишгоҳ соати 15.
Арзиш: 15 дол. ИМА
Моҳидорӣ
Ду навъ:
• Дар обанбори Қайроққум
• Дар Сирдарё
Гурўҳҳои начандон калон: 2-3 нафар.
Дўсторонро ба моҳидорӣ ва истироҳат дар оғўши табиат даъват мекунем. Таоми нисфирўзӣ аз моҳии дошташуда - моҳишўрбо, моҳии зирбонидашуда.
Мо албатта моҳӣ медорем. Дар Сирдарё суфмоҳӣ, капур, лаққамоҳӣ, зағорамоҳӣ мавҷуд аст. Вазни моҳӣ то 3-5 кг. Хизматрасонӣ бо қаиқи муҳаррикдори «Прогресс» расонида мешавад.
Вақти ба сайр баромадан:
• Басти 1 аз 8-00 то 12-00, басти 2 аз 14-00 то 17-30
• Як рўзи пурра аз 8-30 то 17-30
Арзиш:
• Барои ним рўз 100 долл. барои 3 нафар
• Барои як рўзи пурра 60 долл. барои як нафар.
Сайри рўзона ба ш. Хуҷанд
Вақти ба сайр баромадан – соати 9.00 пас аз таоми ношто. Гурўҳ 25-30 нафар. Сайр бо автобуси бароҳат ҳамроҳи роҳбалад. Шиносоӣ бо таърихи қадимаи ш. Хуҷанд.
Бозори Панҷшанбе, Осорхонаи кишваршиносӣ, экскурсия ҳамроҳи роҳбалад. Бозгашт ба осоишгоҳ то таоми нисфирўзӣ, соати 14.00.
Арзиш: 5 доллар.
Сайри шабона ба ш. Хуҷанд
Вақти ба сайр баромадан – 19.00, баргаштан ба осоишгоҳ – соати 22. Гурўҳ – 25-30 нафар. Сайр бо автобуси бароҳат ҳамроҳи роҳбалад дар кўчаҳои зебоманзари шаҳр, тамошои фаввораҳои ранга.
Арзиш: 7 долл.