Фароғат
Барои роҳати пурра аз истироҳат гирифтани Шумо осоишгоҳи «Баҳористон» пешниҳод менамояд:
• Имкониятҳои васеъ барои истироҳат ва варзиши фаъол (ишора)
• Хизматрасонии шўъбаи СПА ва косметология (ишора)
• Хатсайрҳои ҷолиби экскурсионӣ (ишора)
• Ташриф ба китобхона ва толори компутерӣ
Ғизои тиҷоратӣ
• Чойхонаи “Дилкушо”. Таомҳои миллӣ пешниҳод мешаванд. Чойхона бо услуби миллии кандакории чўб сохта шудааст. Тамоми сол, ҳар рўз аз соати 7 то 23 фаъолият мекунад. Ташкили маъракаҳо имкон дорад.
• Тарабхонаи бинои асосӣ. Таомҳои миллӣ ва аврупоӣ пешниҳод мешаванд. Тамоми сол, ҳар рўз аз соати 7 то 22 фаъолият мекунад. Ташкили маъракаҳо имкон дорад .
• 3 қаҳвахонаи тобистона – «Jack Daniels», “Ситора”, “Шаббода”, ки дар соҳил ҷойгир шудаанд. Дар давраи гарми сол аз моҳи май то охири моҳи октябр, аз соати 7 то 22 фаъолият мекунанд.
Фароғати бегоҳирўзӣ
• Клуби шабона
• Маркази боулинг ва толори биллиард.
• Намоиши кинофилмҳо дар толори кино ва консерт.
Дар давраи гарми сол – чорабиниҳои махсуси фароғатӣ – шоу-консертҳо бо иштироки ситораҳои Тоҷикистон, базмҳои ханда, озмунҳои фароғатӣ, мусобиқаҳои варзишӣ оид ба биллиард, тенниси рўи миз.