Таърих
Вожаи “Баҳористон” дар фарҳанги забони тоҷикӣ маънии ҷойи пур аз гулу сабзаҳои рангорангро дорад.
Осоишгоҳ дар соҳили обанбори Қайроққум, 25 км дуртар аз шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир аст.
Аз қадим соҳилҳои дарёи Сир бо табиати нотакрори худ шуҳратёр буд. Сир яке аз дарёҳои сероби Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ӯ ба 2212 километр тӯл кашида аз якчанд дарвлатҳо ба монанди Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон ҷорӣ мешавад.
Сир маънии пӯшида ва ниҳониро ифода намуда, дар атрофи табиати пурасрораш ривоятҳои зиёде эъҷод шудаанд. Дар баъзе ҷойҳо дарё бо маҷрои гуногун ду қабати об дорад. Вале, аз ҳама ҷолиб он аст, ки дарё аз обшавии барфи кӯҳсорон ва пиряхҳо лабрез мегардад. Зеро, 93% ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд.
Дарёи Сир ба туфайли тозагии экологӣ аз моҳӣ фаровон аст. Намудҳои шикорӣ инҷо зағорамоҳӣ, воламоҳӣ, мормоҳӣ, суфмоҳӣ, бурутмоҳӣ, симмоҳӣ, шӯртан, капур, аломоҳӣ ва албатта, лаққамоҳӣ ба шумор мераванд. Моҳигирони гузаро ба Сирдарё омада аз зебоии муҳит, истироҳати аъло дар соҳил ва шикори аҷиб мафтун мегарданд. Вазни миёнаи моҳии сайдшуда 3-5 киллограмро ташкил медиҳад.
Обанбори Қайроққум дар биёбони регзор, вақте солҳои 50-ум сохтмони умумишӯравии нерӯгоҳи барқи обии “Дӯстии халқҳо” оғоз гардид, ба вуҷуд омадааст. Дар натиҷаи бастани маҷрои дарёи Сир инҷо обанбори сунъии бо масоҳат бузург пайдо гардид. Дар рақам обанбор ба таври кофӣ ҳайратангез буда, дарозии 55км, бар 20км, чуқурии ниҳоӣ 25метр ва 4,2 киллометри мукааб ҳаҷми умумии обро доро мебошад. Дарозии сарбанди об бошад, 1205 мт ва баландии он 32мт-ро ташкил медиҳанд.
Баъд аз пайдо шудани обанбор, табиати атрофи он покизагии беҳамто ва иқлими баҳриро ба даст овард. Қад-қади соҳилҳои обанбор минтақаҳои зиёди шиноварӣ, ҷой барои оббозӣ ва боғҳои сершумори мевадиҳанда бунёд гардидаанд. Кули сунъӣ экосистемаи нави маҳал гардида аз намудҳои шикории моҳӣ чун шуртан, зағорамоҳӣ, лаққамоҳӣ, симмоҳӣ ва ғайра фаровон аст. Ҳамчунин, инҷо истгоҳи паррандагони аз шимоли Осиё ба Ҳиндустон ва дигар сарзамин кӯчбанданда гардид.
Дар замони ИҶШС (СССР) курортҳои Қайроққум макони дӯстдоштаи истироҳат барои мардуми шӯравӣ маҳсуб меёфт. Баҳри барқарорсозии саломатӣ ва истироҳат ба ин ҷо аз тамоми гӯшаву канори сарзамини бузурги шӯравӣ меҳнаткашон ташриф меоварданд. Махсусан, бо назардошти робитаи зиччи иқтисодӣ байни вилояти Суғд бо Урал ва Сибири Федератсияи Русия аксарияти истироҳаткунандагон маҳз аз ин минтақаҳо буданд.
Аз он давра зиёда аз 60 сол сипарӣ гардид. НБО “Дӯстии халқҳо” ба хонаҳои мардуми меҳнатдӯсти Тоҷикистон рӯшнои оварда бенуқсон кор мекунад. Курортҳои Қайроққум бошанд, ба гӯшаи биҳиштосои воқеӣ табдил ёфтаанд.
Баъд аз таъмиру таҷдид ва ободонии ҳудуд, собиқ “Хонаи истироҳатии Қайроққум” ба осоишгоҳи “Баҳористон” табдил додо шуд ва моҳи марти соли 2011 дарҳои худро аз нав ба мизоҷон боз кард. Дар маросми ифтитоҳ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида шахсан лентаи рамзии маҷмааи осоишгоҳӣ-курортии навро дар шимоли Тоҷикистон бурид.
Муассиси осоишгоҳ Бонки миллии Тоҷикистон баҳри бунёди чунин як маҷмааи беҳтарини солимгардонии ҷумҳурӣ қувва ва маблағи зиёдро масраф намуд. Ҳар нафари ба осоишгоҳи “Баҳористон” омада таъкид медорад, ки ин ҷо бо майли беандоза ва муҳаббати бепоён бунёд гардидааст. 22га ҳудуди хушманзар, иншоотҳои ҳайратангез, сатҳи баланди хизматрасонӣ, заминаи муосири ташхисӣ – табобатӣ ҳамасола ба ҳазорон истироҳаткунандагон аз Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо саломатӣ мебахшанд, ҳузуру ҳаловат ва истироҳати комил ҳадя месозанд.