Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Гулистон,
ҶДММ Осоишгоҳи “Баҳористон” Email: info@bahoriston.tj

Фармоиши занг

+992 92 858-55-55
Ru
Tj
En

Инфрасохтори осоишгоҳ

 

IMG_9841.jpg Ҷойгиркунӣ
  • Чор биноҳои истиқоматӣ бо фаъолияти шабонарӯзӣ ва имконияти қабули 665 нафар.
  • 10 коттеҷҳо
  • Биноҳҳои тобистона барои 98 нафар.

Тамоми ҳуҷраҳои истиқоматии биноҳо бо системаи ягонаи мӯътадилкунандаи ҳарорат ва гармидиҳӣ, ванна, яхдон, телевизор, ҷойҷӯш, зарфҳо, фен ва телевизиони моҳворавӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Хизматрасонии ҳуҷраҳо ҳамарӯза сурат мегирад. Дар ҳуҷра ва долонҳо Wi-Fi ройгон амал мекунад.

Бинои табобатгоҳ 3000 метри мурабба.

Маркази СПА ва косметологӣ (Бинои№3)


Аксҳои ҳудуд



Хӯрок:

  • Дар осоишгоҳ се маҳал хӯроки солим ва парҳезӣ хеле хуб ташкил гардидааст. Дар таомнома гӯшт, моҳӣ, маҳсулоти ширӣ, меваҷот, сабзавот, шарбатҳо, пӯхтаниҳо ва мизи сервитамин пешниҳод карда мешаванд. Таомномаи дархостӣ бо назардошти таъиноти табибон оиди парҳез тартиб дода мешавад. Барои меҳмонон пешниҳоди хӯрок дар ошхонаҳои бинои зист ба роҳ монда шудааст.
  • Ғайр аз ин дар ҳудуди осоишгоҳ Чойхонаи “Дилкушо” фаъолият дорад, ки таомҳои миллӣ пешниҳод мешавад. Чойхона бо ҳунари хосаи кандакории миллӣ бунёд гардидааст. Тамоми сол ва ҳамарӯза аз соати 7:00 то 23:00 кор мекунад. Ташкили зиёфатҳо.
  • Тарабхонаи Бинои асосӣ. Таомҳои миллӣ ва аврупоӣ. Тамоми сол ва ҳамарӯза аз соати 7:00 то 22:00 кор мекунад. Ташкили нишастҳои корпоративӣ.
  • Се қаҳвахонаҳои тобистона – “Jack Daniels”, “Ситора”, “Шаббода”, ки дар соҳил ҷойгиранд. Дар фасли гармо аз моҳи май то октябр ва аз соати 7 то 22 кор мекунанд.
  • Қаҳвахона дар маркази Сано ва маркази боулинг. Тамоми сол кор аз соати 18 то 6 кор мекунад.

Истироҳати фаъол:

  • Ҳавзи шиноварии пӯшида барои мардон дар бинои истиқоматии саввум ҷойгир аст. Дарозии хатҳои ҳавз 25мт. Маҷмааи ҳаммом бо гармоба, ҷакузӣ ва бар. Барои қабули меҳмонон ҳамарӯза аз соати 6 то 22 кӯшод аст. Шиноварӣ дар ҳавз ба арзиши роҳхат шомил мебошад
  • Ҳавзи шиноварии пӯшида барои занон дар бинои “Табобатгоҳ”. Дарозии хатҳои ҳавз 15мт. Маҷмааи ҳаммом бо гармоба. Барои қабули меҳмонон ҳамарӯза аз соати 9 то 18 кӯшод аст. Шиноварӣ дар ҳавз ба арзиши роҳхат шомил мебошад
  • Ҳавзи кушод. Аз моҳи май то октябр кор мекунад. Дарозии хатҳои ҳавз 25мт, ҳудуди истироҳатӣ бо каткурсиҳо. Даромад ба ҳавз аз ҷониби бинои истиқоматии асосӣ
  • Гармоба ба 8 нафар. Буғхона, душхона, ҷойи либосивазкунӣ, гӯшаи истироҳатӣ, ҳавз
  • Толори билярд бо 4 мизи билярди русӣ ва амрикоӣ
  • Маркази боулинг бо 4 ҷойи саққо
  • Маркази шабона, қаҳвахона
  • Толорҳои варзишӣ дар биноҳҳои асосӣ ва биноӣ дуввум (ба ҳамаи меҳмонони осоишгоҳ), дастгоҳҳои муосир ба ҳама гуруҳи мушакҳо, гӯшаи вазнбардорӣ
  • Ду майдони футболбозӣ бо рӯйпӯш аз алаф, дорои нишастгоҳҳо
  • Корти теннис бо фарши полиуританӣ
  • Майдонҳои волейбол ва баскетбол
  • Роҳравҳо байни дарахтони сӯзанбарг ва паҳнбарг, назди соҳил барои давидан
  • Хатсайрҳои дучархаронӣ, иҷораи дучарха

Чорабиниҳои корпоротивӣ:

  • Толори конфронс барои баргузории чорабиниҳои хурд ва бузург. Дар байн мизи мудаввар бо 30 ҷойи нишаст, монитор ва таҷҳизот барои тарҷумаи мустақим. Ба дарозии девор курсиҳо барои зиёда аз 40 нафар. Дар толори конфронси мо форумҳои байналхалқӣ, гуфтушуниди давлатҳои узви СҲШ, семинари ташкилотҳои гуногуни байналхалқӣ барпо шудаанд.
  • Толори конфронс дар Бинои асосӣ барои 50 нафар. Толор бо таҷҳизоти муосири оудиоӣ, проектор бо экран, дастрасӣ ба шабакаи интернет ва дигар воситаҳои техникӣ муҷаҳҳаз мебошад.
  • Толори синамо бо 180 ҷойи нишаст. Таҷҳизоти намоишии андозаи HD, экрани калон ва техникаи аудиоии муосирро доро мебошад.
  • Ташкили зиёфатҳо, фуршетҳо, чашнҳои корпоративӣ барои 150 нафар.

Фароғати шом:

  • Маркази фароғатӣ
  • Маркази боулинг ва толори билярд
  • Намоиши филмҳо дар толори синамо
  • Ҳавзи шиноварӣ то соати 22:00 фаъолият дорад
  • Дар тобистон: чорабиниҳои махсуси фароғатӣ, шоу-консертҳо бо иштироки ҳофизони номии Тоҷикистон, озмунҳои шавқовар, мусобиқот оид ба билярд, тенниси рӯимизӣ

Хзматгузорӣ ва инфрасохтори дигар:

  • Мағозаи фурӯши озуқаворӣ, маводи тӯҳфавӣ
  • Дорухона
  • Wi-Fi дар ҷойҳои таъиншуда
  • Бонкомат (Агроинвестбонк, Ориёнбонк, Амонатбонк)
  • Китобхона
  • Таваққуфгоҳ бо дидбон
  • Хизматрасонии либосшӯӣ
  • Хизматрасонии саёҳатӣ: автобус, роҳбалад, осорхонаҳо, ҷойҳои таърихӣ, саёҳат барои чашидани таомҳои гуногун (гастрономӣ).
  • Ивази асъор

Рақами телефони худ ба мо фиристед ва мо ба шумо тамос хоҳад кард!