Барнома – Асаби ором
Барномаи муолиҷавии осоишгоҳӣ-курортии №3
Нишондод:Асабзаифӣ, дарди сар, энсифолопатияи дисскуляторӣ, неврити асаби сешоха, бехобӣ, бемории Рейно.
| ТАШХИС: | |
|
Қабули пизишки амрози дарунӣ: | - 1 аввала, 2 такрорӣ; |
| Тафтиш: | Сабти барқи дил СБД
ЭЭГ таҳлили ҷузъии хун таҳлили умумии пешоб |
| Маслиҳати мутахассисон:
(аз рӯи нишондод) | дандонпизишк, табиби амрози занона, физиотерапевт, уролог, пизишки гӯшу гулӯю бинӣ, асабшинос. |
| ТАБОБАТ: | |
| Табиатшифоӣ: | ультрасадодармонӣ, хоби барқӣ, электрофорездармонӣ бо доруворӣ, дорсонвал, лазердармонии рӯипӯстӣ, амплипулсдармонӣ, магнитодармонӣ, табобати ултрабасомадӣ ТУБ. |
| Обдармонӣ: | ваннаи умумии табобатӣ, галванизатсиядармонӣ, ваннаи сулфиди гидрогенӣ, души серкулярӣ, душ Шарко. |
| Гармдармонӣ: | лойқаи шифобахши Аксикон, мумдармонӣ, регдармонӣ. |
| Гиёҳдармонӣ: | гиёҳчой, коктейли оксигенӣ. |
| Рефлексотерапия: | сӯзандармонӣ. |
| Маҳси барқӣ: | масҳи нимкатӣ, релаксдармонӣ, масҳи барқӣ, ангезиши барқӣ. |
| Варзиши табобатӣ, ҳавзи шиноварӣ: | машғулиятҳои варзишии табобатӣ, оббозӣ дар ҳавзи шиноварӣ ё дар баҳр, терренкур. |
| Иқлимтабобат: | ҳавои тозаи баҳрӣ. |
| Хӯроки парҳезӣ: | аз рӯи нишондод. |
Мӯҳлати табобат: на кам аз 10 рӯз.
Барномаи муолиҷавӣ аз рӯи нишондод ва ташхиси асосии истироҳаткунанда тартиб дода мешавад ва ба стандартҳои муолиҷавии осоишгоҳӣ мувофиқат мекунад.
Номгӯи таҳлилҳо ва табобатҳои иловагӣ::
Таҳлилҳо - қанди хун, холестерини хун, таҳлили ревмотоидӣ, таҳлили ҷигар.
Табобатҳо - масҳи дастӣ, лазердармонии дохили варидӣ.



